Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон

Сентябрь 24, 2012 11:23

Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар шаҳри Вилнюси Литва Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Афғонистон ва минтақа: муносибати амалӣ ба манзури рушди устувор» баргузор гардид. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва таҳррезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар Конфронс сафири ҶТ дар Литва Қозидавлат Қоимдодов ба ӯҳда дошт. Ҷониби Тоҷикистон сатҳи баланди боварӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Афғонистонро қайд намуда, ҳамчунин аз саҳми ҶТ ба ҳамкории минтақави бо ҷалби Афғонистон нақл кард. Дар конфронс ҳайатҳои олимақоми 20 кишвари ҷаҳон ва даҳ созмони байналмиллалию минтақави ширкат доштан.

Сентябрь 24, 2012 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш