Тоҷикистону Олмон мошин месозанд?
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Дирӯз, 6- уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати иқтисодии Ҷумҳурии Федералии Олмонро бо сардории Котиби генерлии кумитаи шарқии ин кишвар Райнер Линднер ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла соҳаи иқтисод ва тиҷорат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пас аз мулоқоти судманд Котиби генерлии кумитаи шарқии Олмон Райнер Линднер дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, «Дар мулоқоти мо бо Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Олмон ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва мо дар оянда барои ҳарчи бештар тавсия бахшидани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии худ бо Тоҷикистон нақшаву лоиҳаҳои махсусро роҳандозӣ менамоем». Ҳамчунин, Райнер Линднер иброз дошт, ки дар ин мулоқот масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва бизнесу сармоягузорӣ мавзӯи меҳварӣ маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, ҳам ҷониби Олмон ва ҳам ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати бунёди пойгоҳҳои гидроэнергетикӣ ва эненргияи офтобӣ ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд. Зикр шуд, ки чун Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ашёи хом аст, аз ин лиҳоз метавонад бо Олмон дар бахшҳои мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ҳамкориҳои худро ба роҳ монад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






