Вусъати ҳамкориҳо бо соҳибкорону фермерони Фаронса

Сентябрь 19, 2012 14:15

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз вазири кишоварзӣ  Қосим Қосимов бо сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Диде Лёруа мулоқот намуд. Вазир оид ба вазъи кунунии соҳаи кишоварзии мамлакат, дастоварду мушкилоти бахши аграрии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои вазорат бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ва бевосита давлати Фаронса маълумот пешниҳод намуда, зикр намуд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Иттиҳоди Аврупо ҳафт барномаи соҳавӣ татбиқ мешавад. Самтхои фарогирии ин барномаҳо хеле васеъ буда, соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, таҷдиди инфрасохтори кишоварзии мамлакатро дар бар мегиранд. Дар баробари ин, вазир гуфт, ки тӯли ду соли охир бо дастгирии кишварҳои ҳамкор барои рушд ва бевосита Иттиҳоди Аврупо «Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» таҳия гардида, чанде пеш аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва бо қарори махсус тасдиқ гардид. Қ. Қосимов бо қаноатмандӣ гуфт, ки давлати Фаронса бо Тоҷикистон солҳои охир ҳамкориҳои мустақимро ба роҳ мондааст. Ду сол қабл аз ин давлат барои бунёди боғи интенсивӣ 3000 ниҳоли себ ворид гардида, дар 6 гектар замини таҷрибавии вазорат ва бахшҳои хусусӣ боғ бунёд гардид. Ё худ, воридоти 400 адад нутфаи моли шохдори калони гӯштӣ аз Фаронса ва истифодаи он аллакай барои беҳтар намудани зоти маҳаллии гӯштӣ натиҷаҳои хуб дода истодааст.Ҳамзамон қайд гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда бо соҳибкорону фермерони Фаронса имкониятҳои фарох мавҷуд аст. Аз ҷумла, ворид ва истифодаи технологияҳои муосири коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани фурӯши он, табодул ва бозомӯзии кадрҳои соҳа ва якҷоя барқарор намудани истеҳсоли анҷибар дар Тоҷикистон ба мақсад наздик аст.Вохӯрӣ дар фазои озоду ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.

Сентябрь 19, 2012 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад