«Як сол бо ҷавонон»

Сентябрь 20, 2012 10:54

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Тавре хабар дода будем, ба таъсиси ҷиноҳи ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» як сол пур шуд. Бахшида ба солгарди ин ташкилот зери назари муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва таҳти таълифи раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов китоби «Як сол бо ҷавонон» аз чоп баромад.  Китоб фарогири марҳилаҳои таърихӣ ва заминаҳои таъсиси ташкилот буда, дар он суханронии Раиси ҲХДТ -мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», мусоҳибаҳои роҳбарияти ҳизб дар мавзӯоти зарурати таъсиси созмони ҷавонони ҳизбӣ, санадҳои марбута роҷеъ ба фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», Оиннома ва Низомномаи тартиби бақайдгирии аъзои ташкилот ва гузоришҳои хаттиву тасвирӣ аз рафти чорабиниҳо ҷой дода шудааст. Китоб барои ҷавонон, масъулини ҳизбӣ ва ҳамаи он нафароне, ки ба фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иртибот доранд, пешбинӣ шуда ва ҳамчун маводи таърихӣ, тарғиботӣ ва иттилоотӣ тавсия мешавад. Китоби мазкур бо дастгирии Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот». сарпарастии ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мӯъминҷон Шарипов ва кӯмаки сардори филиали БДА «Амонатбонк» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, раиси комиссияи назоратию тафтишотии ташкилоти «Созандагони Ватан» Ҳокимшоҳ Бобоев ба табъ расид.

Сентябрь 20, 2012 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад