З.Убайдуллоев- соҳиби ҷоизаи бонуфузи Ҷопон

Сентябрь 28, 2012 14:56

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Садорати Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон ходими калони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Убайдуллоевро дубора ба муддати шаш моҳ ҳамчун муҳаққиқ ба кор даъват намуд. Ин олими тоҷик худи ҳамин сол ҷоизаи бонуфузи кишвари Ҷопонро, ки ба номи арбоби бузурги давлатии Ҷопон Накасоне Ясуҳирост, мушарраф шуда буд. Зимнан бояд гуфт, ки ба ин ҷоизаи баланд соли ҷорӣ дар ҷаҳон танҳо се нафар сазовор гаштанд, ки яке аз онҳо ин фарзанди тоҷик аст. Албатта, шукронаи Истиқлолият, ки бисёр ҷавонони тоҷик бо истеъдоди беҳамтои хеш дар кишварҳои дуру наздик номбардори миллатанд.  Арбоби бузурги давлатии ҷопон Накасоне Ясуҳиро солҳои 1982-1987 сарвазири кишвари Ҷопон буд. Аз соли 1988 то имрӯз ӯ Президенти пажӯҳишгоҳи илмҳои байналмилалии сиёсатшиносии шаҳри Токио мебошад. Ҳоло ӯ 94- сола аст. Боиси хурсандист, ки ҷоизаи бонуфузи ба номи Накасоне Ясуҳиро худи ин шахсияти бузурги илму фарҳанги Ҷопон зимни ҷаласаи мутантан супорид. Олими пухтакору пурмаҳсул ва боистеъдоди тоҷик Зубайдулло Убайдуллоев барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Робитаҳои Ҳиндустон ва Ҷопон дар замони Неҳру (солҳои 1947-1964)»,ки дар Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон ҳимоя кардааст, соҳиби ин ҷоизаи бонуфуз гардид. Мавриди ёдоварист, ки Зубайдулло Убайдуллоев баъди хатми мактаби 8 солаи рақами 68 ва мактаби миёнаи рақами 16-и ноҳияи Ҳисор (алҳол ҳудуди ноҳияи Шаҳринав) соли 1996 шӯъбаи ҳиндии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас, соли 2000-ум магистратураи факултаи илмҳои байналмилалии Донишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳруро дар шаҳри Деҳлӣ бо ихтисоси робитаҳои байналмилалӣ хатм намудааст. Зубайдулло Убайдуллоев илова ба дониши мукаммали забони бою ғании адабию давлатии тоҷик, инчунин донандаи забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, русӣ, англисӣ ва урду мебошад. Ӯ чанд сол қабл тасмим гирифт, ки забони ҷопониро ҳам омӯзад. Ин азму ғайрати олими ҷавон самараи хуб дод. Вай дар Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон бахши докторантураро ба итмом расонида, рисолаи пурмуҳтавои илмӣ ҳимоя намуд ва ба унвони баланди доктори илм мушарраф гардид. З. Убайдуллоев муддате дар донишгоҳи мазкур ҳамчун омӯзгор ва муҳаққиқ ифои вазифа намудааст.

Сентябрь 28, 2012 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад