Забони давлатӣ ва танзими ислоҳот

Сентябрь 17, 2012 16:56

Душанбе,17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- 18-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Ваҳдат конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ ва танзими ислоҳот» баргузор мегардад.  Дар конфронс як қатор барномаҳо «қолабҳои вожасозӣ дар номгузории бонкҳо», «Масъалаҳои татбиқи забони тоҷикӣ дар соҳаи илм», «Баъзе масъалаҳои истифодаи истилоҳот дар Кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вижагиҳои забон ва истилоҳоти бахши ҳуқуқ», «Як сарчашмаи такомули истилоҳоту муштақоти забони тоҷикӣ» ва дигар мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Бояд ёдовар шуд, ки дар он раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов, мушовири давлатии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илми сиёсатшиносӣ Саймурод Фаттоев ва дигар олимону донишмандони соҳаи забон ширкат варзида, доир ба масъалаҳои истилоҳоти забони давлатӣ суханронӣ менамоянд.

Сентябрь 17, 2012 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид