Қарзҳои шаҳрвандони ҶТ баргардонида мешаванд
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Моҳи октябри соли ҷорӣ бо сайъю кӯшиши кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия қарзҳои шаҳрвандони ҶТ аз рӯи музди меҳнат баргардонида шуданд.Тавре ки аз дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, қарзи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Латифов аз рӯи музди меҳнат ба маблағи 400 ҳазор рубл баргардонида шуд. Илҳом Латифов тайи якчанд моҳи солҳои 2011 ва 2012 ба ҳайси сохтмончии ширкати сохтмонии «Сонтел» — и шаҳри Маскав кор мекард. Ширкати мазкур дар баробари ширкату ташкилотҳои дигари сохтмонӣ ба бунёди иншоотҳои шаҳри Маскав ва вилояти Маскав машғул аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






