Қурбонӣ кардан таҷассумгари меҳру муҳаббат ба Холиқи тавоност
Душанбе, 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 26 октябр дар радифи кулли мардумони кишварҳои исломии ҷаҳон мусулмонони Тоҷикистон низ Иди сайиди Қурбонро таҷлил мекунанд. Дар робита ба ин тибқи қарори ҷаласаи Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода-раиси Шўрои уламо доир гардид, вақти баргузории намози Иди Қурбон дар тамоми масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар соати 8.00-и 26 октябр муқаррар шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Атоуллоҳ Қосимов-сухангўи раиси Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки раиси Шўрои уламои кишвар тамоми имомхатибони масҷидҳои ҷумҳуриро даъват кард, ки дар арафаи Иди Қурбон ба ятимону бепарасторон, шахсони барҷомондаю қишрҳои камбизоати аҳолӣ дасти кўмаку ёрмандӣ дароз намуда, дар мавриди хайру садақот ба дигарон намунаи ибрат бошанд. Дар рўзи Иди Қурбон ҳар фарди мусулмон, ки вазъи иҷтимоияш хуб ва соҳиби рўзгори тинҷу осуда аст, барои хотири ризои Худованд чорвоеро қурбонӣ мекунад, ки он ифодагари меҳру муҳаббати бандагон ба Офаридгори замину осмонҳост. Чорвое, ки дар роҳи муҳаббат ба Худованд қурбонӣ мегардад, бояд солим ва аз якуним сола боло бошад. Барои 7 нафар қурбонӣ кардани як сар гов ё уштур ҷоиз аст. Инчунин ҳар фарди мусулмон, ки нияти раҳоӣ ёфтан аз мушкилоти рўзгорро дорад, дар роҳи Худованд қурбонӣ карда метавонад. Шахсе, ки чорвоеро қурбонӣ мекунад гўшти онро бояд пеш аз ҳама ба аҳли оила, камбизоатону ятимон ва шахсони нотавон тақсим намояд, зеро Иди Қурбон таҷассумгари меҳру садоқат ва муттаҳидию сарҷамъии кулли мусулмонони дунё буда, ба тафриқаю нобаробарии иҷтимоӣ рахна мегузорад. Дар рўзи Иди Қурбон ҳамчунин, зиёрати оромгоҳҳои гузаштагон, тозаю обод гардонидани марқади эшон ва тиловати оятҳо аз Қуръони азимушшаън аз суннатҳои неки мардуми мусулмон аст. Ҳамзамон аёдати шахсони бемору куҳансол, барҷомонда ва ятимону бепарасторон дар ин рўз аз амалҳои хайру савоб барои ҳар фарди мусулмон маҳсуб мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






