Ҳадяи «Адиб» ба 100- солагии нависандаи шаҳир

Октябрь 9, 2012 16:55

Душанбе, 9 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нашриёти «Адиб» ба ифтихори 100-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рўдакӣ –Сотим Улуғзода силсилаи асарҳои нависандаро ба тозагӣ аз чоп баровард. Назар ба иттилои Фарҳод Каримов –директори нашриёти «Адиб», яке аз китобҳои мунташирнамудаи нашриёт асари таърихии нависандаи шаҳири тоҷик Сотим Улуғзода «Ривояти суғдӣ» аст, ки он хонандаро ба сайри таърихӣ раҳнамун месозад. Дар китоби «Ривояти суғдӣ» ҳамзамон драмаи «Рўдакӣ» ва ҳикояи «Марги ҳофиз» ҷой дода шудаанд. Ҳамзамон нашриёти «Адиб» асари дигари нависанда Сотим Улуғзода «Гавҳари шабчароғ» / «Вольшебный жемчуг» /-ро бо забони русӣ дар тарҷумаи адиб Мансури Суруш аз чоп баровард. Дастовези дигари «Адиб» ба ҷашни якасраи адиб китоби адабиётшинос Сироҷиддин Эмомалист, ки таҳти унвони «Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ» рўи чоп омад. Сотим Улуғзода аз нависандагони маъруфи тоҷик буда, бо иншои асарҳои таърихӣ дар ташаккули насри муосири тоҷик ва адабиёти он саҳми босазо гузоштааст.14.59.

Октябрь 9, 2012 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад