Ҳамоиши олимон ва муҳаққиқони ҷавони тоҷик
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)-«Истиқлолият ва ҷавонон»- таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон ба ифтихори 20-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон дирўз дар Китобхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявии олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Илҳомҷон Ҳамидов, узви Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони кишвар хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, дар чорабинӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ширкат намуда, иштирокчиёни ин чорабинии бонуфузи илмиро бо дастовардҳои ҷавонони Тоҷикистон дар 21 соли соҳибистиқлолии кишвар ошно кард. Ҳамзамон дар конфронс олимону муҳаққиқон ва аспирантону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ширкат намуданд. Баъд аз анҷоми ҷаласаи умумӣ иштирокчиён ба бахши илмҳои гуманитарӣ, илмҳои бунёдӣ ва тиб ҷудо шуданд. Дар маҷмуъ, тўли як рўз ҳудуди 70 маърўза дар ҳамаи бахшҳо шунида шуд, ки ба мавзўъҳои муҳимтарини татбиқи сиёсати ҷавонон, иқтисод, маориф, иҷтимоъ, фарҳанг, воситаҳои иртиботӣ ва тиб бахшида шуда буд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






