Ҳарорати ҳавои кишвар паст мефарояд
Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳавошиносони кишвар иттилоъ медиҳанд, ки фардо 18 октябр ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ назар ба имрўз то ду дараҷа паст фаромада, дар минтақаҳои куҳӣ ва водиҳо боридани борон пешгўӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 6- 10, рўзона 21-23 дараҷа, дар вилояти Суғд шабона 6-8 ва рўзона 16-17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона 5-10, рўзона 13-18 дараҷа гарм, дар ғарби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво шабона 4-9, рўзона 12-17 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар шарқи вилоят шабона — 4- 9 дараҷа сард, рўзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар пойтахт ҳарорати ҳаво шабона 6-8 дараҷа ва рўзона 18- 19 дараҷа гарм шуда, боридани борони кутоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Назар ба иттилои Парвина Саидҷамолова, мудири шуъбаи пешгўии боду ҳавои Муассисаи давлатии ҳавошиносии кишвар, тўли чанд рўзи охир дар ҷумҳурӣ бо ворид шудани ҳавои сарди шимолӣ бо фишори баланд, ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ паст фаромада, чангу ғубор ба амал омад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






