Ҷаҳиши ҷиддӣ дар муносиботи Душанбе ва Лондон

Октябрь 31, 2012 16:52

Душанбе, 31 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-« Аз рўзҳои аввали таъин шудани шумо ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон дар муносиботи Душанбе ва Лондон ҷаҳиши ҷиддие ба назар мерасад», гуфт зимни мулоқоташ Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Роберт Орд Смит — сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон. Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Тоҷикистону Британияи Кабир дорои муносибатҳои 20 –солаи дипломатӣ буда, дар ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, чандин санадҳои байнидавлатии ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.  Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ишора ба равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир изҳор дошт: «Байни парлумонҳои ҳар ду кишвар гуруҳҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият мекунанд, ки барои таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ фазои мусоидро фароҳам овардаанд». Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки густариши равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Британия метавонад омили муҳиме ҷиҳати таҳкими равобити Душанбе ва Лондон дар соҳаҳои мухталиф гардад. Мавсуф сатҳи равобити Тоҷикистону Британияи Кабирро қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҳарду ҷониб бояд барои тақвияти муносиботи тарафайн ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ сайъ намоянд. Зикр шуд, ки байни ҳар ду кишвар имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёд аст. Душанбе метавонад бо Лондон дар бахши энергетика, таъсиси корхонаҳои гуногуни муштарак ва дигар соҳаҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монад. Дипломати британӣ изҳор кард, ки ҳамчун сафир дар Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти равобити дуҷонибаи Лондону Душанбе аз тамоми имконот истифода хоҳад кард. Роберт Орд Смит гуфт: «Британияи Кабир омода аст, ки бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф ҳамкории густурда дошта бошад. Мо ҳамеша аз мавқеи Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, хостори пешрафт ва баланд гардидани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳастем».

Октябрь 31, 2012 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд