Ҷашнвораи «Дидор» давом дорад

Октябрь 19, 2012 15:34

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Ҷашнвораи 5 – уми байналмилалии «Дидор» дар шаҳри Душанбе давом дорад.Дар рӯзи дуюми ҷашнвора дар бахши барномаи озмунӣ филмҳои синамогарони Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон намоиш дода шуданд.Мувофиқи хабари котиби матбуоти ҷашнвораи «Дидор» Зафар Абдуллоев, 17 октябр аввалин нишасти матбуотии расмӣ баргузор гардид, ки дар он ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Муҳаммадалӣ Маҳмадов суханронӣ кард. Сипас наворе дар бораи фаъолияти эҷодии Муҳаммадалӣ Маҳмадов намоиш дода шуд. Дар хотима М.Маҳмадов ба гурӯҳи эҷодии Намоишномаи байналмилалии синамои «Дидор» барои кӯшишҳояш ҷиҳати эҳё намудани синамои тоҷик изҳори миннатдорӣ кард. Мувофиқи хабари манбаъ, дар толори калони Хонаи кино филмҳои озмунии ИМА, Маҷористон, Афғонистон, Фаронса, Туркманистон, Канада ва Мали намоиш дода мешаванд.

Октябрь 19, 2012 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад