Ҷавонон ба хизмати Ватан мераванд

Октябрь 29, 2012 11:17

Хоруғ, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Рӯзи 24 – уми моҳи октябр шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон хабар доданд. Ду ҳафта қабл навоҳии Мурғобу Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ дар вилоят нахустин шуда, нақшаи даъватро иҷро намуданд. Ҳоло навоҳии Ванҷу Дарвоз, Рӯшон ва Ишкошим низ дар арафаи иҷрои нақшаанд. Тавре ки комиссари ҳарбии вилоят Зафар Давлатов иттилоъ дод, имсол дар кори даъват ягон мушкилӣ нест, зеро аксари ҷавонон ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ меоянду хоҳиш менамоянд, то ки онҳоро ба хизмат баранд. Ба гуфти комиссари ҳарбӣ рӯзҳои 5- 6- уми моҳи ноябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро мегардад. То ҳоло 83 дарсади нақша иҷро шудааст.

Октябрь 29, 2012 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад