150 нафар сарбози Раёсати қӯшунҳои дохилӣ қасам ёд кард
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Дар қисмҳои низомии 35-02 ва 65-92-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи қасамёдкунӣ баргузор гардид. Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Неъматулло Қурбонов иштирокчиёни маросимро бо ин рӯзи хурсандӣ табрик гуфта, зикр кард, ки пояи асосии амнияти кишвар- ин насли имрӯза, ҷавонони бонангу ори тоҷик мебошанд. Дар маъракаи навбатӣ 150 нафар наваскар ботантана қасам ёд карда, ҷонфидо будани худро барои оромиву осудагии халқу кишвар иброз доштанд.` Волидайни наваскарон бо шароити аскарон аз наздик шинос шуда, изҳори қаноатмандӣ намуданд ва ба фарзандони худ хизмати сарбаландонаро таманно карданд.Мавриди зикр аст, ки Раёсати қӯшунҳои дохилӣ зерсохтори Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба ин раёсат зиёда аз якуним ҳазор нафар ҷавон барои адои қарзи шаҳрвандӣ, яъне хизмат ба Ватан-Модар меоянд. Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир сафи хизматчиёни бо хоҳиши худ омада меафзояд ва ин маънои онро дорад, ки насли ҷавон барои ояндаи дурахшони Ватан, ки яке аз шохаҳояш Қувваҳои Мусаллаҳ аст, масъулият ҳис мекунад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






