6000 зоир озими ҳаҷ шуд

Октябрь 1, 2012 11:26

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Нахустин сафари зоирини точик ба самти Душанбе — Ҷидда субҳи рӯзи шанбе соати 4.40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ сурат гирифт. Бояд зикр намуд, ки дар ин сафар ҳоҷиёни тоҷикро табибон ва роҳбаладон ҳамроҳӣ мекунанд. Имсол бори аввал аст, ки зоирин мустақиман аз ноҳияҳо ба «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» омада, аз он ҷо ба хонаи Худо сафар мекунанд. Солҳои қаблӣ зоирин 3-4 соат қабл аввал ба Маркази Исломии Тоҷикистон ва сипас аз он ҷо ба фурудгоҳ меомаданд. Имсол тасмими гирифтаи Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сафари зоирин аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» кори ҳаҷравандаҳоро ба маротиб осон намуд, зеро ки зоирин танҳо 3 соат қабл аз парвоз дар фурудгоҳ ҷамъ меоянд. Имрӯз 5-умин парвози ҳоҷиён ба самти Душанбе — Ҷидда соати 21. 00 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад. Тӯли солҳои охир сатҳу сифати хизматрасониҳо ба зоирин дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ба маротиб боло рафтааст ва яке аз ин бартариҳо бори нахуст дар баробари дигар кишварҳо бо либоси ягона ва дорои нишонаҳо ва парчами Тоҷикистон будани зоирини тоҷик маҳсуб меёбад. Бояд зикр намуд, ки маҷмӯи либосҳо барои зоирин ду ҷуфт либос, як ҷузвдон, як ҷузвдони дастӣ, як ҷуфт пойафзол, бейҷик ва китобчаи “Роҳнамои ҳаҷ ва умра”-ро дар бар мегирад. Имсол теъдоди зоирини тоҷик 6000 нафарро ташкил медиҳад.

Октябрь 1, 2012 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд