Бақияи қарз 8,4 фоиз зиёд шуд
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар интиҳои моҳи августи соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ тамоюли зиёдшавиро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 фоиз афзуд. Аз рӯи иттилои хададамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, таркиби бақияи қарзҳои номбурда аз 70,4 фоиз ё 3 млрд. 448,7 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 29,6 фоиз ё 1 млрд. 450,9 млн. сомонӣ қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад. Ҳамзамон ҳиссаи қарзҳои дарозмӯҳлат ба ҳисоби миёна бо суръати 12,7 фоизи солона зиёд мешаванд. Аз рӯи иттилои манбаъ, дар ин давра фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 20,46 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,38 фоизи солонаро ташкил намуд. Бинобар сабаби он ки чун пештара талаботи мардум ба қарзҳои хурд рӯ ба афзуншавӣ дорад, дар ҳашт моҳи соли равон назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 25,1 фоиз бештар қарз дода шудааст. Аз он ҷумла, ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба маблағи 430,3 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






