Бишкек: Баррасии масоили Афғонистон
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар шаҳри Бишкек Ҷаласаи чоруми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Ҷаласаи мазкур ҳамасола бо ибтикори Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ҷаласаи имсола намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбари маркази номбурда, котиботи СММ ва намояндагии СММ дар Афғонистон ширкат варзиданд. Дар се бахши ҷаласа масъалаҳои марбут ба арзёбии фаъолияти Маркази минтақавии СММ тайи панҷ соли гузашта, тавсияҳо дар мавриди таҳкими иқтидори минбаъдаи он бо назардошти хуруҷи қарибулвуқуи Нерӯҳои байналмилалӣ аз ҳудуди Афғонистон мавриди арзёбӣ қарор гирифт.Дар ҷаласа муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров кишварро намояндагӣ намуда, ба фаъолияти марказ баҳои мусбат дод ва ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минбаъдаи он пешниҳодҳои мушаххас ироа кард.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






