Бунёди хобгоҳи донишҷӯён оғоз гардид
Хоруғ, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Президенти кишвар зимни сафари худ ба Бадахшон нахустхишти бинои хобгоҳи дуюми донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Моёншоҳ Назаршоевро гузошт. Аз он рӯз муддати хеле кӯтоҳ гузашта бошад ҳам, дар шаҳри Хоруғ бунёди бинои дуюми хобгоҳи донишҷӯён босуръат идома дорад. Ба гуфти сармуҳандиси сохтмон Садриддин Муддинов, хобгоҳ барои 240 нафар бунёд мегардад. Ҳоло зербинои он гузошта шудааст. Хобгоҳи аввал дар арафаи ҷашни 13 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо маблағи 8 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар он асосан донишҷӯёни оилаҳои камбизоат, инчунин аз навоҳии дурдасти Мурғоб, Ванҷу Дарвоз ва водии Вахони ноҳияи Ишкошим ҷой дода шуданд. Дар маҷмӯъ дар ин ҷо 5 бинои хобгоҳ барои беш аз 1000 нафар донишҷӯ бунёд мегардад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






