Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Афзоиш дар Британияи Кабир Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи маълумоти расонаи хабарии Би-Би-Си аз моҳи июли соли равон то инҷониб фурўши молу маҳсулоти чакана дар Британияи Кабир 0,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ҳоле, ки коршиносон танҳо 0,1 дарсадро пешгўӣ мекарданд.Бояд қайд кард, ки як моҳ қабл фурўши молу маҳсулоти чакана дар кишвари мазкур 0,8 дарсад боло рафтааст. Дар маҷмўъ моҳи июл дар тамоми соҳаҳо 2,8 дарсад афзоиш ба қайд гирифта шуд. Коршиносони мамлакат ин пешравиро дар коҳиш додани арзиши молу маҳсулот мебинанд. Ба гуфти сардори раёсати савдо ва саноати ҷумҳурӣ ҳарчанд бўҳрони молии шадид дар Аврупо идома дорад, ҳукуматдорон кўшиш менамоянд, ки дар чунин шароити душвор барои сокинон сабукиҳо муҳайё созанд. Суқути чархбол дар Афғонистон Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар қисми ҷанубии Афғонистон бар асари сукути чархболи неруҳои НАТО 11 нафар ба ҳалокат расида, 5 каси дигар ҷароҳати гуногун бардоштанд, ҳафт тани фавтидагон низомиёни НАТО мебошанд. Боқимондаи фавтидагон кормандони мақомати қудратии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон будаанд. Ҳангоми парвоз дар дохили чархбол як нафар тарҷумони Афғонистон низ будааст. Масъулияти ҳодисаро силоҳбадастони аъзои Ҳаракати «Толибон» ба уҳда гирифтаанд, вале ҳукуматдорони маҳаллӣ инро инкор мекунанд. Ба гуфти расонаҳои хабарии кишвар фоҷиаи мазкур дар минтақаи Шоҳваликути вилояти Қандаҳор ба амал омадааст. Вобаста ба ин ҳодиса мақомоти марбута тафтишот мебаранд. Намоишҳои эътирозӣ дар Италия Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар корхонаи истеҳсоли оҳани шаҳри Тарантои Италия садҳо нафар кормандон ба кўчаҳо баромада, намоиши эътирозӣ доир кардаанд. Онҳо аз ҳукуматдорони кишвар талаб доранд, ки қарори худро дар бораи қатъи фаъолияти корхона бекор созанд. Ёдовар мешавем, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ мегӯянд, ки коргоҳ ба муҳити зисти кишвар зараровар буда, онҳо фаъолияти онро мамнўъ медонанд.Вале намояндагони иттифоқҳои касабаи корхона бо эътироз аз ҳукуматдорон талаб намуданд, ки дар пайи ҳифзи муҳити зист корхонаро таҷдиду навсозӣ кунанд.Ба андешаи онҳо ва кормандони шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, агар корхона фаъолияти худро қатъ намояд, садҳо нафар аз шуғли доимӣ ва манбаи таъмини зиндагӣ маҳрум мегарданд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






