Чопи дуввуми таҳрири нави романи «Вахш»

Октябрь 16, 2012 16:26

Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).-Романи сегонаи «Вахш», ки қисмати инсонҳои ватандўст, таҳаммулпазир, ваҳдатгаро ва фарҳангсозро дар печидагиҳо ва гудозҳои ҳаёт бо обу ранги бадеӣ дар бар мегирад, дар таҳрири тозаи нависанда Сайдаҳмади Зардон аз тариқи нашриёти «Илм» маротибаи дуввум пешниҳоди алоқамандони каломи бадеъ гардид. Романи «Вахш» бозгўи эҳсосоти қалбии як мусофири кории тоҷик аст, ки баъди дарозои солҳо ба ватан баргашта, перомуни қазия саргузашти се насли як хонаводаи Вахшонзаминро барандоз мекунад. Қаҳрамонони марказии асар зимни озмудани ранҷҳои зиндагӣ маънавиёт ва ахлоқи волои миллиро ҳифз намуда, бо хислатҳои нек дар муҳити худ таъсир мегузоранд. Саргузашти онҳо саргузашти ҳазорон фарзанди баору номуси тоҷик аст, ки пайванди маънавӣ ва табиии худ ба ватани аҷдодиро барои хеш муҳимтарин ва арзишмандтарин сармояи зиндагӣ медонанд. Ба нашри дуввуми роман Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун пешгуфтор навиштааст. Романи сегонаи «Вахш» зери назари Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ Гулназар Келдӣ ва Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ Саттор Турсун ба зевари чоп ороста шудааст.

Октябрь 16, 2012 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад