Дар Душанбе 20-соли саҳифаи зарринро варақ мегардонанд
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Нақши таърихии иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон ва рушди қонунгузорӣ»- зери чунин унвон фардо, 24 октябр дар Душанбе суҳбати мизи мудаввар доир мегардад, ки Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандаи ин чорабинист. Назар ба иттилои Малоҳати Зайниддин- корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ ба чорабинӣ кормандони мақомоти адлия ва Шўрои адлия даъват шудаанд. Интизор меравад, ки иштирокдорони нишаст атрофи иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди қонунгузории авф дар даврони истиқлолият, нақши иҷлосияи 16-ум Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таъмини истиқлолияти давлатӣ, 20-солагии саҳифаи заррини давлати тоҷикон ва истиқлолияти давлати Тоҷикистон ва аҳамияти иҷлосияи16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ табодули назар хоҳанд намуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






