Донишҷӯёни Хатлон ба пахтачинӣ ҷалб намешаванд
Қӯрғонтеппа, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Пахтакорони вилояти Хатлон беш аз 70 фоизи ҳосилро ҷамъоварӣ кардаанд.Тавре ки муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон Нозира Сафарова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, то 1 октябр 189 ҳазору 614 тонна пахта чида шудааст, ки ин 71,96 фоизи дурнамои солонаро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти Раёсати кишоварзии Хатлон, имсол бояд 263 ҳазору 500 тонна пахта ғундошта шавад.Раиси вилояти Хатлон Ғ. Афзалов дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони вилоят зикр намуд, ки ҷамъоварии пахта бо қувваи хоҷагиҳои деҳқонӣ сурат гирифта, донишҷӯёну хонандагон ба пахтачинӣ ҷалб карда намешаванд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






