Дуои хайри зойирини тоҷик

Октябрь 15, 2012 14:20

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мудири шуъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров ва раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ба шаҳри Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ рафтанд. Ҳангоми сафар онҳо дар назди хонаи Худо бо зиёраткунандаҳо мулоқот намуда, аз ҳоли эшон бохабар шуданд. Ҳангоми суҳбат зоирин аз сатҳи хизматрасонии гуруҳи корӣ ва роҳбаладон изҳори қаноатандӣ намуда, барои шукуфоии давлату миллат дуои хайр намуданд. Баъд аз мулоқот бо зоирини кишвар онҳо дар меҳмонхонаи Бофил воқеъ дар Маккаи мукаррама бо ҳайати гуруҳи корӣ, роҳбаладон, табибон, намояндагони ширкати хизматрасон ва меҳмонхонаҳо ҷаласа баргузор намуда, ҳисоботи масъулини меҳмонхонаҳоро доир ба вазъи будубоши ҳоҷиён, ҳолати санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо маводи ғизоӣ шуниданд. Раиси Кумитаи корҳои дин бо назардошти дастовардҳо ва саъю кӯшиши шабонарӯзии масъулин аз баъзе камбудию норасоиҳои мавҷуда изҳори назар карда, барои сари вақт бартараф намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод. Маҳмадсаид Пиров ҳозиринро бо фарорасии иди саиди Қурбон табрик гуфта, ба онҳо ҳаҷи мабрур ва мустаҷоб шудани дуоҳояшонро орзу намуд. Раиси Кумитаи дин Абдураҳим Холиқов аз будубоши ҳайати гуруҳи корӣ, роҳбаладон, табибон изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур дод, ки мавсими ҳаҷи имсоларо бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намоянд.

Октябрь 15, 2012 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад