Фаъолияти корхонаҳои истихроҷи нафту газ
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Дар 9 моҳи соли 2012 дар корхонаву муассисаҳои соҳаи истихроҷи нафту газ ба миқдори 9361 ҳазор м3 гази табиӣ истихроҷ гардида, он ба аҳолию корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, қисман ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Румӣ, Сарбанд, Исфараю Конибодом интиқол дода шуд. Коргоҳи КВД «Нафтгаз ва ангишт» истихроҷи нафтро ба 2360 тонна расонида, нақшаро 153,2% иҷро намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 818 тонна зиёд мебошад. Суръати афзоиш 153,0%-ро ташкил намуд. Истихроҷи гази табиӣ ба 6554 ҳаз.м3 расонида шуд, ки ин 56,6%-и нақшаро ташкил дода, нисбати нақша 5026 ҳазор м3 кам ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта -4799 ҳаз.м3 кам истихроҷ карда шудааст. Суръати афзоиш ба ҳисоби молӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 170,5% ва 58,3%-ро ташкил медиҳад. Шумораи чоҳҳои баҳрабардоранда 15 адад буда, аз ин 8 адад газӣ ва 7 то нафтӣ мебошад. Ба иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ , ҶММ «Салоса» дар ин давраи ҳисоботӣ истихроҷи нафтро ба 6205 тонна расонида, иҷрои нақшаро 22 тонна зиёд ё ин ки 100,4% таъмин намуд. Суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,4%-ро ташкил медиҳад. Ҷамъият нафти вазнини истеҳсолшударо дар дохили корхона коркард мекунад ва маҳсулоти тайёр ба корхонаву ҷамъиятҳои ҷумҳурӣ фурӯхта мешавад. Чоҳҳои маҳсулотдиҳандаи ҷамъият 21 ададро ташкил медиҳад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






