Фарзанди қаҳрамон- сармураббии тими мунтахаби кишвар

Октябрь 31, 2012 17:29

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Бо сабаби ба кори дигар гузаштани Носир Бозоров бо қарори Кумитаи иҷрояи Федератсияи дзюдои кишвар дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Саидаҳтам Раҳимовро сармураббии тими мунтахаби кишвар оид ба дзюдо таъин намуданд.  Саидаҳтам Раҳимов фарзанди қаҳрамони ҷаҳон Саидмуъмин Раҳимов буда, иштирокчии Бозиҳои олимпии тобистонаи ИМА дар соли 1996, 2-карат барандаи ҷоми чаҳон оид ба самбо-дар соли 1996-1998, Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо байни давлатҳои хурд, дорандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон дар Панама оид ба самбо, барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Деҳлӣ, чемпиони Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба дзюдо, Устоди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев иттилоъ дод.

Октябрь 31, 2012 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад