«Ишқи Парӣ»- соҳиби ҷоизаи мусиқии олӣ
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). — Ҷашнвораи 4-уми байналмилалии театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Алмаато доир гардид, ба анҷом расид.Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷашнвора Тоҷикистонро ҳунармандони театри ба номи Меҳрубон Назарови Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муаррифӣ карданд.Ҳунармандони тоҷик бо намоишномаи «Ишқи Парӣ» соҳиби ҷоизаи мусиқии олӣ гардиданд. Тавре ки манбаъ зикр кард, ин намоишнома бо ороиши саҳна ва мусиқии олӣ аз дигар намоишномаҳо фарқ мекард.Коргардон ва ба саҳнагузорандаи намоишнома Хусрави Умед мебошад. Ҳарчанд мавзӯи он ба ишқ бахшида шудааст, вале ин ишқу ошиқии оддӣ нест, балки пайванд бо нерӯҳои осмонӣ дорад ва мазмуни он аз асотири ориёӣ сарчашма мегирад. Мавриди зикр аст, ки ин ҷашнвора бо ширкати беҳтарин театрҳои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбакистон як ҳафта идома ёфт. Ҷашнвора дар Театри ба номи Мухтор Авазови шаҳри Алмаато баргузор гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






