Истихроҷи ангишт — бештар аз замони шӯравӣ
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Аввалин маротиба дар таърихи ҷумҳурӣ истихроҷи ангишт ба 314 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин яке аз дастовардҳои бузург дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.Корхонаҳои истихроҷкунанда муваффақ гардиданд, ки истихроҷи ангиштро аз замони шӯравӣ зиёд намоянд. Бояд қайд намуд, ки дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 309 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардида буд. Имрӯз корхонаҳои соҳа тавонистанд, ки дар ҷамъбасти 9 моҳи соли ҷорӣ истихроҷи ангиштро дар ҷумҳурӣ ба 314 ҳаз. тонна расонанд, ки ин нисбат ба нақшаи соли 1991 5,0 ҳазор тонна ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида +143,0 ҳазор тонна зиёд мебошад.Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ бинобар маҳдудияти сарчашмаҳои дигари энергетикӣ афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи ангишт барои аҳолӣ, корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ муҳим ба ҳисоб рафта, он ба нисбатан коҳиш додани норасоии нерӯи энергетикӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






