Кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ 70 –сола шуд

Октябрь 15, 2012 16:06

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино конфронси илмию амалии шаҳрӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ҷарроҳии таъҷилӣ» баргузор гардид. Конфронс ба 70 -солагии кафедраи бемориҳои ҷарроҳии № 1 бахшида шуда ва дар кори он намояндагони вазорату сардорони раёсатҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Федератсияи Русия ширкат варзиданд. Дар чорабинӣ оид ба фаъолияти пурсамари кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1, инчунин таърихи тараққии хадамоти ҷарроҳии шаҳри Душанбе ва пешомадҳои он сухан рафт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Октябрь 15, 2012 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш