Ллойд Пакстон- директори генералии «Сомон Эйр»
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Ллойд Пакстон ба вазифаи директори генералии ширкати «Сомон Эйр» таъин гардида, дар ин вазифа Алишер Рустамовро, ки дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба вазифаи нав таъин гардидааст, иваз намуд. Дар ин бора ба АМИТ Ховар аз ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, барои ҷаноби Пакстон ин таъинот маънои бозгашти вай ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дорад, зеро пеш аз ин таъинот ӯ вазифаи Президенти ширкати ҳавопаймоии «Эйр Остона» (Қазоқистон)-ро ба уҳда дошт. Ва ҷиҳати пешрафти ширкати мазкур саҳми арзандаи худро гузоштааст. «Баъдан вай як муддати муайян дар вазифаи роҳбари ширкати ҳавопаймоии Малеви давлати Маҷористон фаъолият намудааст. Ҷаноби Ллойд Пакстон дар «Сомон Эйр» барои рушди ҳамаҷонибаи ширкат ва бо мақсади ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани иҷрои парвозҳо масъул мебошад»-афзуд манбаъ. Тибқи иттилои расида ҳамчунин барои фаъолият дар ширкат панҷ нафар мутахассиси хориҷие, ки ба наздикӣ ба Душанбе меоянд, ҷалб мешаванд. Зимнан ширкати «Сомон Эйр» дорои ду адад Боинги 737-900, ду адад Боинги 737-800, ду адад Боинги 737-300 мебошад. Ширкат парвозҳои худро ба самти шаҳрҳои асосии ИДМ, инчунин ба самти шаҳрҳои Франкфурти лаби Майн, Истанбул, Дубай ва Урумчӣ анҷом медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






