Лоиҳаи Кодекси шаҳрсозиро парлумон баррасӣ кард
Душанбе, 22 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 22 октябр аъзои Шўрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ карданд. Амир Катаев-раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон зимни шарҳи лоиҳаи санади мазкур гуфт, ки Кодекси шаҳрсозӣ асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян менамояд, инчунин муносибатҳои ҳуқуқии марбут ба фаъолияти шаҳрсозиро танзим менамояд. Аъзои Шўро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», «Дар бораи туризм», «Дар бораи рўзҳои ид», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», инчунин масъалаи марбут ба таъсиси гуруҳи корӣ оид ба такмил додани лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






