Маблағгузорӣ ва рақобатпазирӣ дар Осиёи Марказӣ
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо роҳбари раёсати рушди бахши инфиродӣ Антонио Сомма масоили иштироки Тоҷикистон дар лоиҳаи Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ таҳти унвони «Маблағгузорӣ ва рақобатпазирӣ дар Осиёи Марказӣ», ҳамчунин рушди минбаъдаи лоиҳаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Антонио Сомма зикр намуд, ки сар аз соли 2013 лоиҳаи мазкур барои дастгирии татбиқи тавсияҳо дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Дар ҷараёни мулоқот иштироки бахши давлатию инфиродӣ дар лоиҳа, ҳамчунин истифодаи тавсияҳои сиёсӣ дар чунин соҳаҳо, аз қабили сиёсати маблағгузорӣ, дастёбӣ ба маблағгузорӣ ва рушди сармояи инфиродӣ дар бахшҳои интихобшудаи таҷрибавии иқтисодиёт таъкид гардид.Шариф Саид ин ибтикорро пуштибонӣ намуда, иброз дошт, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаи лоиҳа фаъолона иштирок намуда ва мадади зарурӣ мерасонад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






