Муҳокимаи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Британия
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо роҳбари шӯъбаи тиҷорати Сафорати Британияи Кабир дар Маскав Дамион Поттер, ки 15 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, масъалаи ҷалби сармояҳҳо ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Дамион Поттер зимни суханрониаш гуфт, ки Тоҷикистон дар бахши гидроэнергетика, саноати истихроҷи маъдан, нақлиёт, телекоммуникатсияҳо. кишоварзӣ ва сайёҳӣ имкониятҳои зиёде дорад. Шариф Саид дар навбати худ ба сафири Британия перомуни лоиҳаҳои бартаридоштаи миллӣ муфассал иттилоот дода, гуфтори дипломати Англияро дар бораи зарурати ба бахшҳои саноату кишоварзии ҷумҳурӣ бештар ҷалб намудани сармояи инфиродӣ маъқул ёфт. Мавсуф зикр намуд, ки Тоҷикистон бо назардошти ин ҳамкории тиҷоратию иқтисодиашро бо Британияи Кабир вусъат мебахшад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






