Муаррифии «Қомуси синамои тоҷик»
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аввалин «Қомуси синамои тоҷик» дар маросими ифтитоҳи киноҷашнвораи байналмилалии «Дидор», ки 16 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, муаррифӣ мешавад. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори киностудияи «Тоҷикфилм» Носир Саидов иттилоъ дод, рӯзи кушоиши киноҷашнвораи «Дидор» ба Рӯзи кинои тоҷик рост меояд.«Энциклопедияи синамои тоҷик»-ро мутахассисони машҳури киношинос Саъдулло Раҳимов ва Галина Элбаум омода намудаанд. Албатта, дар муддати 3-4 сол таҳия намудани «Қомуси синамои тоҷик», ки таърихи зиёда аз 80- сола дорад, хеле мушкил аст», — зикр намуд Н. Саидов. Тибқи суханони ӯ, ҳаводорони санъати кино метавонанд иттилои лозимиро аз рӯзи ташаккули кинои тоҷик, манбаъҳои он то кинои муосир ва ҳунармандони ин жанр дастрас намоянд. Ёдовар мешавем, ки нахустин кинои тоҷикии «Қатора ба Душанбе омад» ба намояндагони анҷумани ғайринавбатии Шӯрои вакилони Тоҷикистон соли 1929 намоиш дода шуда буд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






