Муаррифии «Наҷотбахши миллат» дар Душанбе

Октябрь 3, 2012 14:29

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, муаррифии китоби «Наҷотбахши миллат», ки дар Аврупо ба нашр расидааст, баргузор шуд. Дар маросими муаррифии ин китоб, намояндагони вазорату идораҳо ва зиёиёни кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд. Китоби «Наҷотбахши миллат», ки аз ҷониби муаллифон-профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода ва номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров таълиф шудааст, дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар шаҳри Брюссел бо забоҳои англисиву фаронавӣ ба нашр расид.
 
Китоби мазкур, ки ба фаъолияти гуногунпаҳлуи президент Эмомалӣ Раҳмон дар дар зарфи 20 соли истиқлоли кишвар бахшида шудааст, пеш аз ҳама заҳматҳои шабонарӯзии ин шахсияти таърихиро дар роҳи ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷомеаи тоҷик, бозгардондани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули Конститутсия ва истиқрори сохти давлатии ҷумҳурӣ инъикос мекунад.  Ба андешаи академики тоҷик Раҳим Масов, ки пешгуфтори ин китобро навиштааст, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва таҳкими ҳофизаи таърихии миллати тоҷик, ки дар гузашта то андозае гусаста гашта буд, нақши барҷаста гузошт ва имрӯз ҳам ин корро пурсамар идома медиҳад. Ба гуфтаи ин муаррихи маъруф «вазифаи асосии роҳбари кишвар нигоҳдории якпорчагии ҳудудии давлат ва сарзамини миллат аст, ки моҳиятан ғояи миллӣ мебошад». Дар китоби мазкур ҳамчунин омадааст, ки дар таърихи навтарини Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натанҳо чун роҳбари шинохташудаи халқи тоҷик, балки чун пешвои ҳақиқии миллӣ ташаккул ёфтааст. Зимнан ин китоб бо забонҳои англисию фаронсавӣ бо унвони THE ARCHITECT OF PEACE ва L,ARCHITECTE DE LA PAIX бо сифати баланд ба нашр расидааст.

Октябрь 3, 2012 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд