Мулоқоти Э. Раҳмон бо Президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп
Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп (Big Media group) Тию Кейперсро ба ҳузур пазируфт.Тию Кейперс ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нусхаҳои нахустини китоби «Наҷотбахши миллат»-ро ки дар Аврупо бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ ба нашр расид, тақдим намуда, иттилоъ дод, ки маросими муаррифии расмии ин китоб ва ҳам шумораи навбатии маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES, ки пурра ба Тоҷикистон бахшида шудааст, рӯзи 3 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.Эмомалӣ Раҳмон ба Тию Кейперс ва ҳайати эҷодии ширкати Биг Медиа Груп барои нашри ин китоб бо забонҳои англисию фаронсавӣ ва ҳам барои ба муаррифии Тоҷикистон бахшидани шумораи навбатии маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES арзи сипос карда, таъкид дошт, ки чунин ҳамкорӣ минбаъд низ ба хотири шиносонии шоистаи ҷаҳониён бо таъриху тамаддуни гузаштаю имрӯзаи тоҷикон ва бо имконоти фарохи иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангии кишвари мо бояд идома ёбад. Шумораи ба Тоҷикистон бахшидашудаи маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES бо теъдоди 500 ҳазор нусха чоп шуда, ҳамчунин дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҷойгир шудааст, ки аллакай беш аз 1 миллион хонандагон бо он шиносоӣ пайдо намудаанд.Китоби «Наҷотбахши миллат», ки ба фаъолияти гуногунпаҳлуи Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар зарфи 20 соли истиқлоли кишвар бахшида шудааст, беш аз ҳама заҳматҳои шаборӯзии ин шахсияти таърихиро дар роҳи ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷомеаи тоҷик, бозгардондани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули Конститутсия ва истиқрори сохти давлатии ҷумҳурӣ инъикос мекунад. Бо забонҳои англисию фаронсавӣ китоб мутаносибан бо унвони THE ARCHITECT OF PEACE ва L,ARCHITECTE DE LA PAIX бо сифати баланд ба нашр расид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






