Нахи пахта зиёд мешавад
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Корхонаҳои ресандагии кишвар тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар асоси дурнамои чорабиниҳои барномаи «Коркарди нахи пахта дар ҶТ барои давраи то соли 2015» 7 ҳазору 512 тонна нахи пахтаро коркард намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 1 ҳазору 689 тонна зиёд аст. Суръати афзоиш 129 фоизро ташкил дод. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҳамин давра 6 ҳазору 385 тонна калоба тавлид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 1 ҳазору 434 тонна зиёд аст. Дар корхонаи «Хима – Текстил» — и ноҳияи Ёвон бунёди силсилаи дуюм ва сеюми хати махсуси нассоҷӣ барои истеҳсолу рангрезии калоба идома дорад. Ғайр аз ин дар фабрикаи «Нику – Хуҷанд» бо истифода аз хатҳои нави технологӣ соле 2 ҳазору 500 тонна нахи пахта коркард шуда, дар фабрикаи ҷӯробу пайпоқи «Наврӯз» — и ноҳияи Зафаробод ҳар сол то 4 миллион ҷуфт ҷӯроб тавлид мегардад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






