Омӯзиши намунаҳои «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб»

Октябрь 29, 2012 17:15

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Аз 1 то 3 ноябр дар вилояти Суғд ва аз 9 то 11 ноябри соли 2012 дар ВМКБ бо дастгирии барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва лоиҳаи шабакавии «Рушди барвақтӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Лондон барои намояндаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимият, мудирони шуъбаву идораҳои маориф ва омӯзгорон аз ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Тавилдара, Тоҷикобод ва шаҳрҳои Қайроққуму Хоруғ омӯзишҳо оид ба таъсиси намунаҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии баргузории омӯзишҳо – таҷриба кардани лоиҳаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оид ба таъсиси намунаҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» дар маҳалҳое мебошад, ки муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд. Таъсиси марказҳои ҷойгузини омода кардани кӯдакон ба мактаб — ин таъмини ҳуқуқи ҳар як кӯдак ба таҳсилоти босифати барвақтӣ мебошад. Феълан дар Тоҷикистон қариб 93 фоизи кӯдакони хурдсол аз таҳсилоти томактабӣ, ки давлат аз тариқи маблағгузории буҷавӣ кафолат медиҳад, маҳрум мондаанд. Ҳамин аст, ки масъалаи рушди барвақтии кӯдакон ва таҳсилоти томактабӣ дар системаи ислоҳоти соҳаи маориф муҳим арзёбӣ мешавад. Вобаста ба вазъи мушкили иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъсиси намунаҳои ҷойгузини таҳсилоти томактабӣ муҳим буда, яке аз онҳо таъсиси Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб мебошад, ки он дар Тоҷикистон ташаббуси нав аст.

Октябрь 29, 2012 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад