Парламентарҳои тоҷик ба Таиланд мераванд
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Нодира Турдиматова ва Амирбек Маҳмадалиев ҷиҳати иштирок дар даҳумин ҷаласаи Ассамблеяи генералии парламентҳои Осиё ба Бангкок-пойтахти Таиланд мераванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Муҳаммадато Султонов-котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки парламентарҳои тоҷик дар ҷаласаи ҷашние, ки 24 октябр ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси Ассамблеяи генералии парлумонҳои Осиё дар Бангкок баргузор мегардад, ширкат менамоянд. Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти Ассамблея ва дурнамои он баррасӣ гарданд. Ассамблеяи генералии парлумонҳои Осиё 30 -сол муқаддам- дар соли 1982 таъсис шуда, алҳол ба ҳайати он 25 кишвари Осиё ва ҳавзаи Уқёнусия шомил мебошанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






