Пешниҳоди хизматрасонии дурусти бонкӣ
Шӯрообод, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар ноҳияи Шӯрообод ду сол боз филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» фаъолият дошта, ба шаҳрвандон барои гирифтани маблағҳои интиқолӣ, музди меҳнат ва нафақа аз тариқи корти пластикӣ хизмат мерасонад. Қиматшо Содиқов, директори филиали мазкур гуфт, ки аксари шаҳрвандони ташкилоту муассиса, соҳаҳои фарҳанг, тибб, маориф ва дигар табақаҳои ҷамъиятӣ бо бонк барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ҳамкорӣ дошта, сари вақт маблағҳои заруриро дастрас менамоянд. Инчунин зикр кард, ки дар ноҳия беш аз 2000 шаҳрванд ба воситаи кортҳои пластикӣ аз банкомат маблағҳои худро бемамониат дастрас менамоянд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷамоатҳои Даштиҷум ва Саричашма аз сабаби дур будани роҳ аз маркази ноҳия марказҳои хизматрасонии бонкӣ таъсис дода шуда, дар оянда низ кушодани чунин марказ дар ду ҷамоат роҳандозӣ мешавад. Дар айни ҳол барои гирифтани маблағи қарзӣ 500 нафар мизоҷ ба филиал муроҷиат карданд, ки ба онҳо бо 2,5%-и солона ба муҳлати як сол маблағҳои зарурӣ дода шуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






