Пиршавӣ дар асри XXI, пирӯзӣ ва даъват
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова)- «Пиршавӣ дар асри XXI, пирӯзӣ ва даъват» таҳти ин унвон маърӯзаи худро Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) якҷоя бо ташкилоти «Ҳэлп Эйҷ Интернэшнл» пешкаш намуда, имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор кард. Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, донорҳо, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматии байналмилалӣ ва маҳаллӣ иштирок доштанд. СММ бо ташкилоти «Ҳэлп Эйҷ Интернэшнл» маърӯзаи худро пешкаши иштирокчиён намуд, ки дар он вазъи имрӯзаи ҳаёти пиронсолон ҳаматарафа таҳлил шуда, барномаю тадбирҳое, ки ҳукуматҳо ва тарафҳои дигари манфиатдор баъди Ассамблеяи дуюми умумиҷаҳонӣ дар бораи проблемаҳои пиршавӣ бо мақсади татбиқи «Нақшаи амалиёти байналмилалии Мадрид оид ба проблемаҳои пиршавии аҳолии ҷаҳон ва вокуниш нишон додан ба имкониятҳои ҳалли онҳо» андешидаанд, шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Инчунин иштирокчиён зикр намуданд, ки фақат дар давоми 10 сол миқдори одамони солхӯрда дар тамоми ҷаҳон зиёда аз як миллиард нафарро ташкил хоҳад кард. Бояд гуфт, ки маърӯза натиҷаи ҳамкории зиёда аз бист шӯъбаи СММ ва ташкилотҳои калони байналмилалие ба шумор меравад, ки ба ҳалли масъалаҳои пиршавии аҳолӣ машғуланд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






