Семинари кормандони китобхонаҳо

Октябрь 23, 2012 16:39

Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаҳои илмию тадқиқотӣ ва таъмиру тармими ҳуҷҷатҳои китобхона семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои таъмиру тармими фондҳои китобии китобхонаҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки котиби матбуотии китобхона Фотима Яъқубова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, семинарро директори Китобхонаи мил¬лии Тоҷикистон Носирҷон Салимов ифтитоҳ намуд. Ҳамчунин дар мавзуъҳои «Масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории махзани китобхонаҳои Тоҷикистон дар шароити кунунӣ» — гузориши сардори шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷ. Раҷабов, «Аз таърихи таъмири сарчашмаҳои нодир» — гузориши муовини директори Китобхонаи ба номи Т. Асирии вилояти Суғд Б. Мирсаидов, «Нигаҳдории нусхаҳои хаттии китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар китобхонаю марказҳои илмӣ» — гузориши номзади илмҳои филологӣ, сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон А. Юнусов, «Тармими дастхат- зарурати замон: мушкилот ва дурнамои он» – гузориши ходими илмии Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ И.Мирзоев ва «Тарзи таъмиру тармими маҳсулоти чопии китобхонаҳои Тоҷикистон» — гузориши сардори шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Т.Баротов шунида шуд.Дар семинар мутахассисони соҳаи китобдорӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва инчунин кормандони китобхонаҳои вилоятӣ низ ширкат варзиданд.

Октябрь 23, 2012 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад