Таҷлили Рӯзи забон дар вазорати энергетика ва саноат
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- 2 октябри соли равон дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомад баргузор гардид.Раиси Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»-и ин вазорат, муовини вазир Хайрулло Маҳмадуллоев ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, гуфт: «чанде қабл мо 21-солагии Истиқлолияти давлатиро бо тантана ҷашн гирифтем, ки Рӯзи забони давлатӣ ҳам яке аз самараҳои давраи истиқлолият аст». Вай роҷеъ ба моҳияти забони давлатӣ, саҳми донишмандони тоҷик дар ғанӣ гардонидани фарҳанги ҷаҳонӣ, раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар вазорат, корхонаву муассисаҳо ибрози назар кард.Дар ҷамъомад инчунин намояндагони соҳаҳои гуногун оид ба татбиқи қонуни забон дар корхонаҳои зертобеи вазорат сухан ронда, андешаҳои худро баён доштанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






