Тарҷумаи Конвенсияи ЮНЕСКО бо забони тоҷикӣ

Октябрь 23, 2012 11:39

Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аз вазифаҳои муқаддаси тамоми ҳалқияту миллатҳои дунё ба ҳисоб меравад. Маҳз аз ҳамин сабаб Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг -ЮНЕСКО дар ҷаласаи 32 Париж, 17 октябри соли 2003 Конвенсияи байналмилалии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддиро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вориси асосии халқҳои ориётабор, ки мероси ғании фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии он то ба наслҳои имрӯза расидааст, ниёз ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва эътирофи меъёрҳои маъмули байналмилалиро дорад. Мероси фарҳангии ғайримоддии тоҷикон, аз қабили анъанаҳои шифоҳӣ, асотири қадим, забон, анвои гуногуни санъатҳои иҷрокунандагӣ, урфу одат, маросимҳо, ҷашнҳо, донишҳо ва урфу одати мансуб ба сайёра, донишу малакаҳо ва ҳунарҳои анъанавӣ аллакай шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 августи соли 2010 Конвенсияи байналмилалии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддиро ба тасвиб расонид. Конвенсияи мазкур имконият медиҳад, ки мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар сатҳи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ сари вақт ҳифз ва дастраси ҷаҳониён гардад. Бад-ин восита, мардуми тамаддунсози тоҷик, ки яке аз миллатҳои куҳанбунёди Осиёи Миёна ба шумор рафта, тӯли асрҳо забон, маданият ва ҳуввияти миллии хешро тавассути анъана ва урфу одатҳои худ ҳифз намудааст, меарзад ба оламиён тавассути Созмони ЮНЕСКО низ муаррифӣ гардад. Боиси фараҳмандист, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2012 “Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020” қабул гардид. Татбиқи Барномаи мазкур барои таъмини ҳифз ва эҳёи анвои гуногуни фарҳанги суннатӣ, ки аслияти халқи тоҷикро муайян месозад, замина ва шароитҳои мусоидро фароҳам оварда, ба раванди бунёди инфрасохтори боэътимоду самараноки фарҳанги миллӣ ва интиқоли мукаммалу бегазанди ин мероси гаронмоя ба наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард. Бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ, ки хатари аз байн бурдани мероси қадимаи фарҳангиро ба миён овардааст, моро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бо давлатҳои дигари аъзои Конвенсияи мазкур барои ҳифзу нигаҳдории мероси бебаҳои нодири худ тадбирҳои фаврӣ андешем. Дар навбати худ Комиссия миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои ҳифз ва тарғиби ҳамаҷонибаи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар ҷумҳурӣ саҳмгузор бошад. Бешубҳа, тарҷумаи Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар самти ҳифз, муаррифӣ ва нигаҳдошти мероси бебаҳои мо як воситаи муҳиму таъсирбахш хоҳад гашт. Дар ин бора котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова иттилоъ дод.

Октябрь 23, 2012 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд