Тоҷикистон ва Протоколи Истанбул
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). -30 октябри соли 2012 Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва Дафтари Комиссариати олии ҳуқуқи инсон барои баррасии татбиқи меъёрҳои Протоколи Истанбул дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд доир менамоянд. Ҳадаф аз мизи гирд таҳияи тавсия ва нақшаи фаъолият барои тафтиши самаранок ва санадсозии далелҳои истифодаи шиканҷа дар чорчӯбаи татбиқи «Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013» ва тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар чорчӯбаи баррасии «Нигориши универсалии давравӣ» мебошад. Дар мизи гирд кормандони Додситонии кулл, Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Вазорати адлия, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судию тиббии Вазорати тандурустӣ, судяҳо, адвокатҳо, намояндаҳои созмонҳои байналхалқӣ ва сафоратхонаҳо иштирок мекунанд. Кормандони Созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон», ки яке аз муаллифону таҳиягарони Протоколи Истанбул мебошанд, дар омӯзиши мазкур вазифаи коршиносонро ба дӯш доранд. Чунин омӯзишҳо қаблан дар Қирғизистон, Қазоқистон ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон, ки меъёрҳои Протоколи Истанбул ба қонунашон ворид гардида, дар амал истифода мешаванд, гузаронида шуда буданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






