«Туҳмат»-у «Таҳқир» аз Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ хориҷ шуд

Октябрь 1, 2012 14:19

Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бандҳои вобаста ба туҳмату таҳқирро, ки дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доштанд, 1 октябр дар ҷараёни ҷаласаи якуми иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон хориҷ намуданд. Рустам Менглиев, вазири адлияи ҷумҳурӣ зимни ташреҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани он ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 июли соли 2012 марбут аст. Дар робита ба масъалаи мазкур Насрулло Маҳмудов, вакили Маҷлиси намояндагон зикр кард: «Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти кишвар ба парлумон пешниҳод шудааст. Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, бинобар сабаби аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ намудани моддаҳои 135 ва 136, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои таҳқир ва туҳмат пешбинӣ мекард, зарурат ба миён омадааст, ки аз моддаи 24 –и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби оғоз ва пешбурди парвардаҳои айбдоркуниро пешбинӣ мекунад, хориҷ карда шавад». Дар ҷаласа ҳамзамон вакилон ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум) илова ворид намуданд, ки дар асоси он ҳангоми туҳмат ва ё таҳқир тибқи талаботи моддаҳои 170, 172, ва 174 Кодекси гражданӣ шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳифз мешаванд. Рустам Менглиев, вазири адлияи кишвар ҳангоми баррасии ин масъала дар назди вакилон гуфт, ки алҳол дар Тоҷикистон барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи васоити ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст ва қонунгузории кишвар мунтазам такмил дода мешавад. Фаъолияти тамоми ВАО дар асоси қонунҳо «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоот» ва ғайра танзим мешавад. Мавсуф зикр кард, ки лоиҳаи қонун бо мақсади тақвияти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо назардошти таҷрибаи қонунгузории ҷаҳонӣ, иҷрои тавсияҳои Шўрои Созмони милали муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди ҳафтуми нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва суханрониҳояшон дар маҷлиси ботантана бахшида ба 100-солагии рўзи матбуоти тоҷик ва бо мақсади мутобиқ намудан ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Вакилони палати поёнии парлумон ҳамзамон ба лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру илова ворид намуданд. 14.06.

Октябрь 1, 2012 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад