Вазъи муассисаҳои фарҳангӣ ва тарбияи маънавии мардум
Бадахшон, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ВМКБ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рущди соҳаи фарҳанг тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ шуданд. Бунёду навсозии қасрҳои фарҳангӣ дар маркази шаҳру навоҳӣ ва деҳоти дурдаст, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои соҳаи фарҳанг аз ҷумлаи ин тадбирҳоянд.Навсозии бинои театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғро аҳли фарҳанги вилоят аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ меҳисобанд. Тавре ки муовини директори театр Чорибшо Ноёббоев иттилоъ доданд, имрӯзҳо аҳли эҷодии театр бо мақсади истиқболи арзандаи солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ барномаи ҷолиби ҳунарии «Иҷлосияи тақдирсоз»-ро омода менамояд. Дар баробари ин ҳунармандони театр намоишномаҳоро аз рӯи асарҳои драманависони маъруф таҳия ва пешкаши мухлисон мегардонанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






