Вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Русия
Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова)- Имрӯз дар бинои «Душанбе-Плаза» вохӯрӣ бо иштироки тоҷирони саршинос ва ходимони ҷамъиятии ҳайати бонуфузи Русия ва намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон ва доираҳои тиҷоратию соҳибкории кишвар, коршиносони Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ баррасии дурнамои ҳамкории доираҳои соҳибкории ду кишвар, ҷалби сармояи ҷониби Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва эҳтимолияти шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ мебошад. Инчунин дар нишаст вобаста ба дурнамои ҳамгироии иқтисодии Тоҷикистону Русия, мавзӯи Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Беларус, ки ба сиёсати иқтисодӣ ва тиҷоратии кишвари мо таъсири назаррас дошта, аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд, сухан гуфтанд. Тавре ки иштирокчиён иброз намуданд, аз се як ҳиссаи гардиши маҳсулоти хориҷии мо маҳз ба кишварҳои Иттиҳоди гумрукӣ рост меояд. Аз ин рӯ, дурнамои рушди Тоҷикистонро ҳамкориҳои зич ва анъанавӣ бо аъзои ин Иттиҳод, махсусан Русия муайян хоҳад кард. Бояд қайд намуд, ки иқдомгузор ва ташкилкунандаи ин чорабинӣ Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






