Як шабонарўз интиқоли об қатъ мегардад
Душанбе, 8 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирию профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» муддати як шабонарўз аз соати 23:00 –и 10 октябр то соати 23:00 –и 11 октябр интиқоли оби нўшокӣ дар бархе аз кўчаю маҳаллаҳои пойтахт қатъ мешавад.Дар ин хусус раиси шаҳрдории Душабе қарори марбута ба тасвиб расонд. Дар зарфи як шабонарўз интиқоли оби нўшокӣ дар маҳаллаҳои Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Телман, Анзоб, Гулистон, Умари Хайём ва Сари Осиё, кӯчаҳои Пролетар, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, Қаҳҳоров, Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Хайём то кӯчаи Бухоро), М.Турсунзода, Шероз, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М. Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Л.Толстой, Парвин, Пушкин, Теҳрон, биноҳои баландошёнаи хиёбони Рӯдакӣ аз шумораи 164 то 186-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Помир ва Баҳорӣ, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1 то 77;-и ноҳияи Шоҳмансур қатъ мегардад. Ҳамзамон интиқоли оби нўшокӣ дар маҳаллаҳои Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло, Навободи поён, Буни Ҳисорак, Қазоқон, Қарияи Миршикор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Испечак 1, 2 ва Зарафшон 1, 2, Шараф, Ал-Берунӣ –и ноҳияи Сино, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ, маҳаллаи Дарвоз, кўчаи Қаҳҳоров ва шаҳракҳои 41, 42, 43, 44, 45 ва 46 –и ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин Маркази истеҳсоли барқу гармии шаҳри Душанбе, ки дар ин ноҳия воқеъ аст, қатъ мешавад. Дар робита ба ин аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои мазкур хоҳиш мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






