Ҳалокати 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар ФР
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бар асари сар задани сӯхтор дар яке аз хобгоҳҳои шаҳри Долгопруднии Федератсияи Русия 2 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок гардидаанд.Назар ба хабари дафтари матботи намояндагии Хадамоти муҷирати ҶТ дар ФР субҳи 19 ноябр дар бинои хобгоҳи шаҳраки Хлебниковои шаҳри Долгопрудниӣ 2 сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд – Саодат Исмоиловаи 22 — сола ва ҷияни ӯ Зарнигор Исмоиловаи 3 — сола ҳалок шуданд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор дар натиҷаи часпиши кӯтоҳмуддати ноқилҳои барқи ошёнаи якуми бинои хобгоҳ, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар он муваққатан иқомат доштанд, рух додааст.Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ЧТ дар ФР ҳамчунин хабар медиҳад, ки 15 ноябри соли равон дар ноҳияи Белоусови шаҳри Обнински вилояти Калуга боз як шаҳрвандни ҶТ, сокини шаҳри Турсунзода Зоҳирҷон Тоҷибоев бо сабаби аз ҷониби шахсони номаълум бераҳмона лату кӯб шуданаш ҳалок гардид.Аз рӯи қазияи куштор парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот гузаронида мешавад.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






